Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Назарбоев бо Ҳасан Рӯҳонӣ мулоқот кард


Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон, ба Ҳасан Рӯҳонӣ, ҳамтои эронии худ гуфт, умедвор аст, ки баҳси барномаҳои атомии Эрон ҳал мешавад. Ба қавли Нурсултон Назарбоев, тамом шудани баҳси байналмилалӣ дар бораи барномаҳои атомӣ барои рушди иқтисодии Эрон ва ҳамкориҳои дуҷониба бо Қазоқистон таъсири мусбат мегузорад. Ҳасан Рӯҳонӣ рӯзи 9-уми сентябр ба Қазоқистон сафар кард ва дар шаҳри Остона бо Нурсултон Назарбоев гуфтугӯ дошт. Шаш қудрати ҷаҳонӣ ва Эрон ҳоло дар бораи барномаҳои баҳсбарангези атомии ин кишвар музокирот доранд ва бояд то рӯзи 20-уми ноябр ба созиши ниҳоӣ даст ёбанд. Эрон мегуяд, барномаҳои атомиаш ҳадафҳои сулҳомез доранд, аммо кишварҳои ғарбӣ ба ин гуфта шубҳа доранд. Ҳасан Рӯҳонӣ аз Қазоқистон барои ширкат дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай ба Душанбе меравад.

XS
SM
MD
LG