Пайвандҳои дастрасӣ

Шоми 8-уми сентябр бозиҳои ҷавобии ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2014 оид ба футбол баргузор шуданд.

Бозиҳои ҷавобии ҳаштякниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2014, ки шоми душанбеи 8-уми сентябр барпо гардиданд, дастаҳои ширкаткунандаи даври чорякниҳоиро муайян карданд. Аз рӯи натоиҷи бозиҳо дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе, ССКА «Помир»-и Душанбе, «Хайр»-и Ваҳдат, «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, «Эсхата»-и Хуҷанд, «Ҳосилот»-и Фархор ва «Саройкамар»-и Панҷ ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Ёдовар мешавем, дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, ки бар асоси қуръакашӣ аз бозиҳои даври ҳаштякниҳоӣ озод буд, пеш аз ҳама ба чорякфинал баромадааст.

Барандаи феълии Ҷоми Тоҷикистон - «Истиқлол»-и Душанбе - дар бозии ҷавобӣ низ дар меҳмонӣ «Хуҷанд»-и Хуҷандро бо ҳисоби 2-0 шикаст дод. Ҳарду голро бозигари нави даста Мануэл Бледа Родригеси испаниягӣ, ки дар дақиқаи 78-ум ба майдон омад, дар дақиқаҳои 79-ум ва 90+1 ба самар расонд.

Ҳамин тариқ, «Истиқлол» аз рӯи натоиҷи ду бозӣ бо ҳисоби 8:1 ғолиб шуд ва дар даври ниманиҳоӣ бо дастаи лигаи аввал - «Ҳосилот»-и Фархор – бозӣ мекунад. Фархориҳо дар бозии ҷавобӣ бар тими мизбон – «Исфара»-и Исфара, ки дар мусобиқаи лигаи аввал дар минтақаи Суғд пешсаф аст, бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуданд. Бозии аввал дар Фархор бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфта буд.

Инчунин дар бозиҳои ҷавобии 1/8-ниҳоӣ «Эсхата»-и Хуҷанд, дастаи лигаи аввал, бар тими меҳмон - «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров - бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. Дар бозии аввал низ «Эсхата» бо ҳисоби 3:2 ғалаба карда буд. Акнун хуҷандиҳо дар чорякфинал бо дастаи «Саройкамар»-и Панҷ рақобат мекунанд. «Саройкамар» аз рӯи натоиҷи ду бозӣ бо «Ваҳдат»-и Ашт (5:0 ва 1:2) ғолиб дониста шуд.

Вале тими «Энергетик»-и Душанбе, ки ба бозии ҷавобӣ бо «РегарТадАЗ»-и Турсунзода ҳозир нагашт, бо ҳисоби техникии 0:3 мағлуб дониста шуд. Дар 1/4 финал «металлургҳо» бо ССКА «Помир»-и Душанбе рӯбарӯ мешаванд. Низомиён бозии ҷавобиро дар меҳмонӣ бо тими «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби 1:1 анҷом доданд. Бозии аввал дар Душанбе бидуни гол хотима ёфта буд. Як голи дар меҳмонӣ задааш ба ССКА пирӯзӣ овард.

Боз як бозии чорякниҳоӣ байни дастаҳои «Хайр»-и Ваҳдат ва «Вахш»-и Қӯрғонтеппа баргузор мешавад. «Хайр» дар бозии ҷавобии ҳаштякниҳоӣ дар меҳмонӣ аз дастаи «Далерон-Ӯротеппа»-и Истаравшан бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд. Бозии аввал дар шаҳри Ваҳдат бо пирӯзии «Хайр» бо ҳисоби 2:0 поён ёфта буд.


Ҷоми Тоҷикистон. 1/8 финал. Бозиҳои ҷавобӣ

«ХУҶАНД» - «ИСТИҚЛОЛ» - 0:2
Бозии аввал – 1:6.

«ЭСХАТА» - «ПАРВОЗ» - 2:1
Бозии аввал – 3:2.

«ДАЛЕРОН-ӮРОТЕППА» - «ХАЙР» - 1:0
Бозии аввал – 0:2.

«РЕГАР-ТАДАЗ» - «ЭНЕРГЕТИК» - 3:0 (натиҷаи техникӣ)
Бозии аввал – 0:0.

«РАВШАН» - ССКА «ПОМИР» - 1:1
Бозии аввал – 0:0.

«ВАҲДАТ» - «САРОЙКАМАР» - 2:1
Бозии аввал – 0:5.

«ИСФАРА» - «ҲОСИЛОТ» - 0:4
Бозии аввал – 2:2.

1/4 финал. Бозиҳои аввал
5-уми октябр (якшанбе)
Оғози бозиҳо – соати 16:30
«ИСТИҚЛОЛ» - «ҲОСИЛОТ»
«ЭСХАТА» - «САРОЙКАМАР»
«ХАЙР» - «ВАХШ»
«РЕГАР-ТАДАЗ» - ССКА «ПОМИР»

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG