Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ба фурудгоҳи Донетск ҳамла кардаанд


Артиши Украина гуфт, бо вуҷуди созиши оташбас миёни ҷудоихоҳон ва нерӯҳои давлатӣ, ба фурудгоҳи байналмилалии назди шаҳри Донетск дар шарқи кишвар ҳамлаи мушакӣ шудааст. Дар ин ҳамла касе осеб надидааст. Фурудгоҳи Донетск дар дасти нерӯҳои давлатии Украина аст ва аз моҳи май то кунун ҷудоихоҳони тарафдори Русия ба ин фурудгоҳ борҳо ҳамла кардаанд. Ба гуфтаи вазорати дифои Украина, аз замони эълони созиши оташбас миёни ду тараф дар рӯзи 5-уми сентябр, то кунун 4 сарбози украинӣ кушта шудаанд. Виталий Андронатий, сардори бахши тиббии вазорат, рӯзи 9-уми сентябр гуфт, ки 29 сарбози дигар ҷароҳат бардоштаанд. Артиши Украина ва ҷудоиталабон ҳамдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд, вале дар маҷмӯъ ин созиш риоя мешавад. Ҳадафи ин созиш хотима додан ба муноқишаи панҷмоҳа дар Украина аст.

XS
SM
MD
LG