Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқоти футбол байни тоҷикон дар Қоҳираву Маскав


Рӯзи 6 сентябр дар Қоҳира, пойтахти Миср бо ибтикори сафорати Тоҷикистон як мусобиқаи футбол бо ширкати шаҳрвандони тоҷики муқими ин кишвари арабӣ баргузор шуд. Ин мусобиқот ба солгарди 23-юми истиқлоли Тоҷикистон бахшида шуда, бо сухани ифтитоҳии сафири нави Тоҷикистон дар Миср Хусрав Нозирӣ оғоз ёфт. Дар мусобиқа 10 даста ширкат варзида, ба дастаҳои пирӯз, инчунин ба дарвозабон ва ҳамлагари беҳтарин аз номи сафорат ҷоизаҳои вижа тақдим кардаанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав низ ба истиқболи Рӯзи истиқлол дар варзишгоҳи "Торпедо" бозиҳои ниҳоии чемпионати байни дастаҳои муҳоҷирони кории тоҷикро баргузор кард. Рӯзи 7 сентябр дар расми анҷоми ин мусобиқот гурӯҳи ҳунарии "Шамс" ба раҳбарии овозхони маъруф Нобовар Чаноров низ ширкат ва ҳунарнамоӣ кард. Тӯҳфаҳоро ба ғолибони мусобиқа Олег Ширинбеков, футболбози дар солҳои 80 маъруфи тоҷик супурд.

XS
SM
MD
LG