Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шайхи Ал-Азҳар "Давлати Исломӣ"-ро як ҷунбиши ҷиноӣ номид


Имоми аъзами Ал-Азҳар, баландтарин мақоми мусулмонони суннимазҳаб мегӯяд, пайкорҷӯёни Давлати Исломӣ “ҷинояткороне” ҳастанд, ки ба сӯқасди “сайҳунистӣ”-и “тахриби ҷаҳони араб” хидмат мекунанд. Шайх Аҳмад ал-Тайиб рӯзи 8-уми сентябр дар Қоҳира гуфт, ситезаҷӯён “сурати доғдор ва изтиробовареро аз мусулмонон” ба ҷаҳон нишон медиҳанд. Дар охирин таркиши маргталабона дар наздикии Бағдод дар ин рӯз 10 нафар ба ҳалокат расиданд. Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида Барак Обама қарор аст, рӯзи 10-уми сентябр стратегияи бархӯрди Амрикоро ба Давлати исломӣ баён дорад.

XS
SM
MD
LG