Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдуллоҳ мегӯяд, натиҷаи тафтишро нахоҳад пазируфт


Абдуллоҳ Абдуллоҳ, номзади интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон мегӯяд, баҳси интихоботӣ дар ин кишвар вориди бунбаст шуд ва тарафдорони ӯ эълони натиҷаҳои тақаллубиро нахоҳанд пазируфт. Вай ин нуктаро баъд аз мулоқот ва гуфтушунид бо номзади рақиби худ Ашрафғанӣ Аҳмадзай эълом дошт. Ҳарду номзад худро барандаи раъйдиҳии 14 июн мешуморанд. Қарор аст, натиҷаҳои тафтиши оро ин ҳафта эълон шаванд. Таҳти сарпарастии Иёлоти Муттаҳида Абдуллоҳ ва Аҳмадзай пазируфтаанд, ки натиҷаҳои тафтишро хоҳанд пазируфт ва ҳукумати ваҳдати миллӣ таъсис хоҳанд дод. Ин дар ҳолест, ки расми савганди президенти нави Афғонистон мебоист ҳанӯз 2-юми август ба вуқӯъ мепайваст ва ҳукумати нави Кобул бо НАТО қарордоди амниятиро ба имзо мерасонад.ке аз тарафдорони доктор Абдуллоҳ, волии Балх Муҳаммадатои Нур гуфтааст, дар ҳол ҷойгузин шудани ҳукумати тақаллубӣ даст ба ошӯб хоҳад зад. Иёлоти Муттаҳида эълом доштааст, ҳама гуна талоши баҳам задани субот сабаби қатъи ёриҳои Амрико ба Афғонистон хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG