Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти қудои президенти Тоҷикистон


Мустафо Давлатов, мудири корхонаи қаннодии “Ширин”-и Душанбе ва қудои раисиҷумҳури Тоҷикистон дар синни 55 дар Маскав даргузашт. Ба гуфтаи манобеъи наздик ба хонаводаи Давлатовҳо, интизор меравад, ҷанозаи ӯро шоми 8 сентябр аз Маскав ба Душанбе биоранд. Бино ба гузориши хабаргузории Tojnews, Мустафо Давлатов аз бемории қанд фавтидааст.

Мустафо Давлатов аз соҳибкорони муваффақ дар саноати қаннодӣ ва ҳам дар риштаи сохтмони Тоҷикистон ба шумор мерафт. Ҳамсари Рустами Эмомалӣ, писари калонии раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз хонаводаи Давлатовҳост. Писарамаки вай Лутфулло Давлатов аз ҳунарпешаҳои маъруфи театру синамои тоҷик аст ва ҳоло раҳбарии шабакаи телевизионии “Сафина”-ро бар ӯҳда дорад.

XS
SM
MD
LG