Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон мусаллаҳон 5 кило тилоро рабудаанд


Афроди ниқобпӯш ва мусаллаҳ аз кони тилои Фонта дар минтақаи Ҷалолободи Қирғизистон ба камияш 5 кило тилоро рабудаанд. Ду марди ниқобпӯш шаби 7-уми сентябр ба дафтари ин ширкат ворид шуда, посбононро бесилоҳ ва латукӯб кардаанд. Онҳо яке аз посбононро парондаанд, ки ба гуфти пизишкон ҳолаш сангин аст. Панҷ килограм тило аз рӯйи нархҳои имрӯза зиёда аз 200 ҳазор доллар мешавад.

XS
SM
MD
LG