Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбари олии Эрон оятуллоҳ Хоманаӣ ҷарроҳӣ шуд


Хабаргузории ИРНА-и Эрон иттилоъ дод, ки раҳбари олии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ барои ҷарроҳии простата бистарӣ шудааст. Бино бар ин хабар, ҷарроҳие, ки маъмулӣ номида шудааст, бо муваффақият анҷом ёфт. Хоманаии 75-сола шахсест, ки дар умури давлатии Эрон ҳарфи охирро мезанад ва аз соли 1989 ба ин сӯ раҳбари олии кишвар ба шумор меравад. Дар ин байн Телевизиони давлатии Эрон гуфт, Хоманаӣ ба ин шабака гуфтааст, “ҷое барои нигаронӣ нест.” Ба гуфтаи шореҳон матбуот дар бораи вазъи саломатии раҳбари олии Эрон аҳёнан иттилоъ медиҳад.

XS
SM
MD
LG