Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати панҷ шаҳрванди Тоҷикистон дар садамае дар Псков


Панҷ шаҳрванди Тоҷикистон дар як садама дар вилояти Пскови Русия ба ҳалокат расидаанд. Мақомоти Русия мегӯянд, чаҳор нафари онҳо аъзои як хонавода будаанд. Ҷасади падар ва се духтараш аз дохили мошини "БМВ 520" замоне берун оварда шуд, ки онҳо сӯхта буданд. Ба маълумоти полис садама, соати нӯҳи субҳ дар километри 242-юми роҳи Петербург-Псков замоне ба вуқӯъ пайвастааст, ки мошини сабукрави шаҳрвандони Тоҷикистон аз роҳи худ берун шуда, ба хатти муқобил баромада, ба мошини боркаш бархӯрдааст. Ҳангоми садама ҳарду мошин дар гирифтаанд. Ронанади мошини боркаш осеб надид, вале ҳамаи панҷ сарнишини мошинри сабукрав ба ҳалокат расидаанд.

XS
SM
MD
LG