Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз, 8-уми сентябр, дар бозии ниҳоии Ҷоми бошгоҳи футболи «Истиқлол»-и Душанбе дастаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) ва «Вавилон»-и Душанбе рақобат мекунанд.

Дар бозии ниҳоии Ҷоми бошгоҳи футболи «Истиқлол»-и Душанбе, ки имрӯз, 8-уми сентябр, дар майдончаҳои сунъии Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад, чун соли гузашта дастаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон ва «Вавилон»-и Душанбе рақобат мекунанд.

Ба иттилои дафтари матбуоти ФФТ, ин мусобиқа, ки як моҳ пеш бо ширкати 29 даста шурӯъ шуда буд, имрӯз ба анҷом мерасад. Маблағи ҷавоизи ин мусобиқа 85 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб ба ҷуз Ҷоми «Истиқлол» ҷоизапулӣ ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ супурда мешавад. Барои ҷойи дувум 25 ҳазор сомонӣ ва барои ҷойи севум 10 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст. Роҳбарони дастаҳо, беҳтарин бозигарон ва доварон бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои гаронбаҳо сарфароз мешаванд.

Бояд гуфт, ки дар даври ниманиҳоӣ нахуст «Вавилон» бар тими «Истиқлол» бо ҳисоби 8-2 пирӯз шуда, ба финал баромад. Бозии дигари ниманиҳоӣ миёни дастаҳои ФФТ-1 ва «Бонки миллӣ» хеле пуршиддат гузашт ва бо ғалабаи ФФТ-1 бо ҳисоби 3-2 хотима ёфт. Дарвоқеъ, ду голи ФФТ-ро Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, ба самар расонд.

Ба ин тартиб, шоми душанбе нахуст соати 18:00 бозӣ барои ҷойи севум байни дастаҳои «Истиқлол» ва «Бонки миллӣ барпо мегардад. Баъдан соати 19:00 базии ниҳоӣ миёни дастаҳои ФФТ-1 ва «Вавилон» доир мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар бозии ниҳоии мусобиқаи соли гузашта ФФТ бар «Вавилон» бо ҳисоби 4:1 ғолиб омада буд.

Ҷоми клуби футболи «Истиқол» оид ба мини-футбол

1/2 финал

6-уми сентябр (шанбе)

«Истиқлол» - «Вавилон» - 2:8

Голҳо: Шаҳзод Сулаймонов, Лутфулло Ҷалилов – Раҷаб Буров (4), Амриддин Ашӯров, Нурҷаҳон Исмоилов, Зоир Хоҷаев, Фирдавс Файзуллоев.

ФФТ-1 - «Бонки миллӣ» - 3:2

Голҳо: Мӯҳсин Муҳаммадиев (2), Рустам Хоҷаев – Мубориз Асадбеков, Музаффар Ҳасанов.

8-уми сентябр (душанбе)

Бозӣ барои ҷойи 3-юм

18.00 – «Истиқлол» - «Бонки миллӣ»

Финал

19.00 – «Вавилон» - ФФТ-1

XS
SM
MD
LG