Пайвандҳои дастрасӣ

Обама стратегияи мубориза бо ҷангҷӯёнро муаррифӣ мекунад


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, рӯзи 10-уми сентябр стратегияи мубориза бо ҷангҷӯёни созмони Давлати Исломиро муаррифӣ мекунад. Ӯ рузи 7-уми сентябр дар Вашингтон гуфт, ки Амрико ва ҳампаймонҳояш ба нерӯҳои давлатии Ироқ ва нерӯҳои курд кӯмак мекунанд, то ба тадриҷ манотиқи ишғолкардаи Давлати Исломиро пас бигиранд ва дар ниҳоят ин созмонро ҳамроҳ аз байн баранд. Пештар аз ин нерӯҳои Амрико ба камингоҳҳои ин ҷангҷӯён дар вилояти Анбори Ироқ аз ҳаво ҳамла карданд. Ҷангҷӯён дар ин вилоят нерӯҳои давлатии Ироқро, ки обанбори бузурги Ҳадисаро назорат мекунанд, муҳосира кардаанд. Айни замон нерӯҳои давлатии Ироқ ҳамроҳ бо гурӯҳҳои мусаллаҳи тарафдори ҳукумат ҳамлаи ҷавобиро алайҳи ҷангҷӯёни Давлати Исломӣ дар наздикии обанбори Ҳадиса шурӯъ карда ва шаҳри Барвона воқеъ дар 10 километрии обанборро гирифтаанд. Обанбори Ҳадиса дар рӯдхонаи Фурот ва дар вилояти Анбор ҷойгир аст. Бузургтарин нерӯгоҳи барқи обии Ироқ низ дар ҳаминҷост ва аз обанбори мазкур киштзорҳои азиме дар минтақа обёрӣ мешаванд.

XS
SM
MD
LG