Пайвандҳои дастрасӣ

Як корманди нерӯгоҳи Бушеҳрро дастгир кардаанд


Бино ба гузоришҳо, мақомоти эронӣ як шаҳрванди Украинаро бо иттиҳоми харобкорӣ дар нерӯгоҳи барқи атомии Бушеҳр дастгир кардаанд. Рӯзномаи “Ҳамшаҳрӣ” рӯзи 7-уми сентябр навишт, ки ин “мутахассиси украинӣ” ба ҳайси корманди қарордодӣ барои ширкати русӣ кор мекардааст. Нерӯгоҳи Бушеҳрро ширкатҳои русӣ сохтанд ва соли 2011 ба кор андохтанд. Маълум нест, ки шаҳрванди Украина дар ин нерӯгоҳ чӣ харобкорӣ кардааст. Эрон солҳост, ки Амрико ва Исроилро ба харобкорӣ дар таъсисоти атомииаш муттаҳам мекунад. Теҳрон мегӯяд, барномаҳои атомиаш ба хотири тавлиди нерӯи барқ аст, аммо кишварҳои ғарбӣ ва Исроил гумон доранд, ки Эрон мехоҳад, пинҳонӣ бомби атомӣ бисозад.

XS
SM
MD
LG