Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амрико ба мавзеъҳои Давлати Исломӣ зарба зад


Вазорати дифои Амрико гуфт, ҳавопаймоҳои ин кишвар барои маҳви ҷангҷӯёни созмони Давлати Исломӣ дар Ироқ мавзеъҳои онҳоро дар наздикии обанбори стратегии Ҳадиса ҳадаф гирифтаанд. Аз моҳи июн инҷониб ҷангҷӯёни Давлати Исломӣ саъй доранд, ки ин обанборро бигиранд. Вазорати дифои Амрико гуфт, бо дархости ҳукумати Ироқ ва барои кӯмак ба нерӯҳои давлатӣ, ки сарбандро назорат мекунанд, рӯзи 7-уми сентябр ба мавзеъҳои ҷангҷӯёни Давлати Исломӣ зарба заданд. Обанбори Ҳадиса дар рӯдхонаи Фурот ва дар вилояти Анбор ҷойгир аст. Бузургтарин нерӯгоҳи барқи обии Ироқ низ дар ҳаминҷост ва аз обанбори мазкур киштзорҳои васеъ дар минтақа обёрӣ мешаванд. Бо зарбаҳои нав дар рӯзи 7-уми сентябр, Амрико ҷабҳаи наверо барои муқобила бо тундравони исломӣ шурӯъ карданд. Амрико пештар ба мавқеъҳои тундравон дар шимоли Ироқ зарба мезад.

XS
SM
MD
LG