Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Авфи Байналмилал тарафҳои ҷанг дар Украинаро танқид кард


Созмони Авфи Байналмилал гуфт, “далелҳои афзоянда” нишон медиҳад, ки ҳам гурӯҳҳои мусаллаҳи тарафдори ҳукумати Украина ва ҳам ҷудоихоҳон дар шарқи ин кишвар дар ҷиноятҳои ҷангӣ даст доранд. Созмони мазкур бо нашри як баёния гуфт, “тирандозиҳои бераҳмона, одамрабоӣ, шиканҷа ва куштор” нишон медиҳад, ки ҳамаи тарафҳои ҷанг ба “зиндагии мардуми ғайринизомӣ беаҳамиятӣ мекунанд.” Авфи Байналмилал баёнияи мазкурро пеш аз созиши оташбас омода кардааст, ки тарафҳои муноқиша рӯзи 5 –уми сентябр сари он ба мувофиқа расиданд. Русия мегӯяд,ки дар муноқишаи Украина даст надорад, вале Ҳезер Макгилл, пажӯҳишгари созмони Афви Байналмилал ба Радиои Озодӣ гуфт, Русия бо ирсоли аслиҳа ва дигар кӯмак ба ҷудоихоҳон ба оташи муноқиша дар Украина фурӯзонтар мекунад. Созмони мазкур, ки дар Лондон қароргоҳ дорад, аксҳои моҳвораиро нашр кард ва гуфт, ки дар ин аксҳо Русия дар шарқи Украина тӯпхонаву зиреҳпӯшҳои бештар ҷойгир мекунад. Ба қаавли Авфи Байналмилал ин амали Русия далели он аст, ки муноқиша дар Украина ба “низоъи мусаллаҳонаи байналмилалӣ” табдил шудааст.

XS
SM
MD
LG