Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Мариупол задухӯрд ба вуқӯъ пайвастааст


Баъди як рӯзи риояти созиши оташбас миёни нерӯҳои давлатии Украина ва ҷудоихоҳони тарафдори Русия миёни онҳо дар наздикии шаҳри Мариупол задухӯрд ба вуқӯъ пайвастааст. Шоҳидони айнӣ аз Мариупол дар сӯҳбати телефонӣ ба хабаргузории "Ассосиейтед Пресс" гуфтаанд, ки садои таркишҳои қавӣ аз канораҳои шарқии шаҳр ба гӯш мерасад, ки дар онҷо нерӯҳои давлатии Украина барои муқовимат ба ҷудоихоҳон камин гирифтаанд. Ба қавли ихтиёриёни Азов Баталион, як воҳиди сарбозони ихтиёрии Украина мавқеъҳои онҳоро бо мушакҳои Град ҳадаф гирифтаанд. Ҷудоихоҳони тарафдори Русия чанде пеш ҷабҳаи наверо дар шарқи шаҳри бандарии Мариупол боз карданд, ки ним миллион нафар аҳолӣ дорад ва соҳили баҳри Азов ҷойгир аст. Пештар аз ин раисони ҷумҳури Украина ва Русия гуфтанд, ки оташбас миёни ду тараф дар маҷмӯъ риоят мешавад. Петро Порошенко, раиси ҷумҳури Украина гуфт, ки дар гуфтугӯ бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия иқдомотеро барои “пойдор нигаҳ доштани созиши оташбас” баррасӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG