Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алайҳи як "ҷиҳодии" тоҷик парванда боз карданд


Мақомоти интизомии Тоҷикистон ба зидди як ҷавон аз ноҳияи Кулоб барои ширкат дар ҷангҳои Сурия парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Маҳбуба Гулова, сухангӯи вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 6-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Фаррухҷон Боронови 31-сола бо баҳонаи ҷиҳод ба Сурия рафта ва ба як созмони террористӣ дар онҷо пайвастааст. Парвандаи ҷиноӣ дар ғайбаш боз шудааст. Вазорати умури дохилӣ мегуяд, дар маҷмӯъ алайҳи 5 сокини Кулоб, ки барои ҷанг ба Сурия рафтаанд, парванда боз кардааст. Бино ба гузоришҳо тақрибан 200 ҷавони тоҷик айни замон дар сафи созмонҳои тундрав ва шуришиён алайҳи ҳукумати Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия меҷанганд.

XS
SM
MD
LG