Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама гуфт, созмони Давлати Исломӣ "нобуд" мешавад


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, гуфт, бовар дорад, ки барои муқобила бо тундравони Давлати Исломӣ як эътилофи васеъи байналмилалӣ ташкил мешавад ва ҷангҷӯён дар ниҳоят шикаст мехӯранд. Барак Обама дар ин бора баъди нишасти сарони НАТО дар шаҳри Нюпорти Уэлс сухан гуфт, ки дар он аз ҷумла хатари Давлати Исломӣ низ баррасӣ шуд. Ин созмон бахшҳои бузурге аз қаламрави Сурия ва Ироқро ишғол кардааст. Барак Обама гуфт, Амрико ба ҳадафи худ мерасад ва Давлати Исломӣ “танназул“ меёбад ва “нобуд” мешавад. Ба гуфтаи Обама, Амрико раҳбарони ин созмонро мисли раҳбарони Ал-Қоида пайдо ва нобуд мекунад ва ҳадафи ниҳоии Иёлоти Муттаҳида ба куллӣ аз байн бурдани созмони Давлати Исломӣ аст. Нерӯҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико танҳо дар моҳи гузашта 200 маротиба ба камингоҳҳои Давлати Исломӣ аз ҳавопаймоҳо зарба задаанд.

XS
SM
MD
LG