Пайвандҳои дастрасӣ

Селу обхезӣ дар Покистон 100 нафарро кушт


Ба гуфтаи мақомоти расмии Покистон, боронҳои сел ва обхезӣ дар саросарои Покистон бештар аз 100 нафарро куштааст. Аҳмад Камол, сухангӯи Оҷонси мудирияти ҳолатҳои фавқуллода рӯзи 6-уми сентябр гуфт, аз рӯзи 4-уми сентябр инҷониб танҳо дар вилояти Панҷоб 61 нафар ҷон додаанд. Ба қавли ӯ, селу обхезӣ 38 нафарро дар вилояти Кашмири таҳти контроли Покистон ва 11 тани дигарро дар вилояти шимолии Гилгит Балтистон куштааст. Ба қавли мақомоти Покистон мумкин аст, теъдоди қурбониён зиёд шавад, зеро селу обхезӣ дар рӯзҳои оянда идома мекунад. Дар Покистон мисли Ҳинд, мавсими боронгарӣ сабаби обхезӣ мешавад. Соли 2010 дар чунин ҳодисаҳо дар Покистон 1100 нафар талаф шуданд.

XS
SM
MD
LG