Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

НАТО воҳиди зудамали "сарнайза" ташкил мекунад


Андерс Фог Расмуссен, дабири кулли НАТО, гуфт, сарони кишварҳои узви созмон барои барои муқобила бо хатари таҷовузи Русия, барномаи таъсиси нерӯҳои зудамал бо номи “сарнайзаро” қабул карданд. Андерс Фог Расмуссен рӯзи 5-уми сентябр гуфт, воҳиди “сарнайза” аз таркиби нерӯҳои мавҷуди зудамали НАТО ташкил мешавад ва аз чанд ҳазор сарбоз иборат хоҳад буд. Ин нерӯҳоро метавонанд, дар муддати чанд рӯз ба кишварҳои узви НАТО дар шарқи Аврупо бифристанд. Дабири кулли НАТО баъди нишасти созмон дар Уэлс ҳамчунин гуфт, ҳеҷ кас ҳақ надорад, монеи кишварҳое шавад, ки мехоҳанд, ба узвияти НАТО бипайванданд. Ин баёнияи Расмуссен ишорае ба Русия аст, ки намехоҳад, Украина ба НАТО шомил шавад. Дар нишасти дурӯзаи сарони кишварҳои узви НАТО, муноқиҳа дар шарқи Украина баррасӣ шуд, ки дар инҷо ба гуфтаи ҳукумати Киев ва НАТО, ҳазорон сарбози русӣ ба ҷудоихоҳон дар ҷанги онҳо ба зидди нерӯҳои давлатӣ кӯмак мекунанд.

XS
SM
MD
LG