Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созиши оташбас дар Украина риоя мешавад


Бино ба гузоришҳо, ҷудоихоҳони тарафдори Русия ва нерӯҳои давлатии Украина созиши оташбасеро, ки шоми 5-уми сентябр ҳукми иҷро гирифт, риоят мекунанд. Петро Порошенко, раиси ҷумҳури Украина гуфт, акнун муҳим аст, ки кор барои пайдо кардани роҳи ҳалли дарозмуддати муноқиша шурӯъ шавад. Дар ҷараёни низоъ, ки аз моҳи апрел дар шарқи Украина оғоз ёфт, то кунун 2600 нафар кушта шудаанд. Ҷудоихоҳон гуфтаанд, ки созиши оташбас сиёсати онҳо барои ҷудо шудан аз Украинаро тағйир надодааст. Кишварҳои ғарбӣ, ки мегӯянд, Русия ҷудоихоҳонро бо силоҳу муҳимот таъмин мекунад, нисбат ба созиши оташбас шубҳа доранд. Маскав мегӯяд, дар муноқишаи Украина нақше надорад. Бо вуҷуди оғози созиши оташбас, кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо рӯзи 5-уми сентябр дар робита ба эъмоли таҳримҳои нав алайҳи Русия ба мувофиқа расиданд, вале ин таҳримот қарор аст, рӯзи 8-уми сентябр эълон шаванд. Ба гуфтаи дипломатҳо, дар сурати пойдор мондани оташбас ва берун омадани нерӯҳои Русия аз Украина, Иттиҳоди Аврупо аз ин таҳримҳо даст мекашад.

XS
SM
MD
LG