Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти навбатии сарони НАТО дар Лаҳистон баргузор мешавад


Нишасти навбатии сарони Паймони НАТО соли 2016 дар Лаҳистон баргузор мешавад. Дар ин бора Андерс фог Расмуссен, Дабири кулли НАТО, рӯзи 5 сентябр, зимни суханронӣ дар нишасти Паймон дар шаҳри Нюпорти Уэлс хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, ин тасмим – баёнгари муҳим будани ин кишвар ва ҳузури бештари чашмгири НАТО дар шарқи Аврупо мебошад.

Андерс фог Расмуссен афзуд, кишварҳои узви Паймон дар нишасти Уэлс дар бораи таъсиси нерӯҳои вокуниши сареъ дар посух ба таҳдидҳо аз сӯи Русия ба мувофиқат расиданд. Дабири кулли НАТО изҳор намуд, ки нерӯҳои вокуниши сареъ аз ҷузъҳои пиёдагард, ҳарбӣ-ҳавоӣ ва ҳарбӣ баҳрӣ иборат хоҳад буд. Ба гуфтаи ӯ, ягон кишвари сеюм, ки узви НАТО нест, ҳаққи вето гузоштан ба тасмими густариши Паймони НАТО-ро надорад.

Аҳли нишаст ҳамчунин бастаи чораҳоеро пазируфтанд, ки барои Гурҷистон имкони пешрафт дар роҳи узви НАТО шуданро муҳайё хоҳад кард.

Аз ин пеш сарони НАТО мавзӯи таъсиси бунёдҳо ба хотири таҳкими нерӯи дифои Украина ва барои ниёзмандиҳои низомиёни ин кишварро, ки дар задухӯрдҳо дар Донбасс маҷрӯҳ шудаанд, ҳамоҳанг карданд.

XS
SM
MD
LG