Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Афғонистон тафтиши дубораи баргаҳои раъйдиҳӣ анҷом ёфт


Нур Муҳаммад Нур

Нур Муҳаммад Нур

Комиссиюни мустақили интихоботии Афғонистон тафтиши дубора тақрибан 8 миллион баргаи раъйдиҳӣ дар интихоботи баҳсбарангези раёсатҷумҳуриро анҷом дод. Дар ин бора Нур Муҳаммад Нур, сухангӯи комиссиюн дар нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт, ки натиҷаҳои тафтиши дубора тайи 24 соати оянда ба Комиссиюни арзу шикоятҳо ироа мешавад.

Қарор аст, ки натиҷаҳои ниҳоии интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон аввалҳои ҳафтаи оянда эълон шаванд.

Бозшумории овозҳои даври дуввуми интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон чанд ҳафта пеш дар Кобул баъд аз он шурӯъ шуд, ки Абдуллоҳ Абдуллоҳ номзад ба мақоми президентӣ натиҷаҳои интихоботро напазируфт ва комиссиюнро дар тақаллуб айбдор кард.

Доктор Абдуллоҳ, собиқ вазири умури хориҷаи Афғонистон дар даврои аввали интихобот дар рӯзи 5 апрел аз байни 8 номзад бо касби 45 дарсади оро пешсаф шуд. Рақиби ӯ, собиқ вазири молияи Афғонистон Ашрафғанӣ Аҳмадзай дар даври аввал ҳамагӣ 31 дарсад раъй ба даст оварда буд. Аммо дар даври дувум, ки 14 июн доир шуд, бино бар натоиҷи муқаддамотии эълоншуда, мақомоти интихоботӣ ба Аҳмадзай 56 дарсади овозҳо ва ба Абдуллоҳ ҳамагӣ 43 дарсад раъйро нисбат доданд.

Аз ин пеш номзадҳо ӯҳдадор шуда буданд, ки натиҷаҳои интихоботро мепазиранд ва ҳукумати ваҳдати миллиро таъсис мекунанд.

XS
SM
MD
LG