Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду мардикорбозори расмӣ дар Хуҷанд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Мақомоти шаҳрдории Хуҷанд дар ду маҳаллаи маркази вилояти Суғд расман бозорҳои мардикорӣ ифтитоҳ намуданд. Ин кор ба хотири танзими кори мардикорон амалӣ шудааст.

Бозорҳои нави мардикорӣ дар маҳаллаи 34-уми шаҳри Хуҷанд, наздик ба автовокзали “Абрешим” ва маҳаллаи “Гулистон”, наздик ба бозори Панҷшанбе расман боз шуданд. Ба гуфтаи мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, бозорҳои мардикорӣ ба хотири ёрӣ ба мардикорон, фароҳам кардани ҷойи будубош бо шароити корёбиву хоб ва истироҳат таъсис дода шуданд.

Маҳмудҷон Дадобоев, сухангӯи раиси шаҳри Хуҷанд дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, нахуст ба мардикорон танҳо дар маҳаллаи 34-ум бозори хосе боз карда шуда буд, вале чун онҳо боз кардани бозори дигареро дар маҳаллаи “Гулистон” дархост карданд, аз ҷониби шаҳрдорӣ пазируфта шуд.

Дар бозори мардикории Хуҷанд, ҳамарӯза даҳҳо мардикорони синну солашон гуногун ва ҳам аз минтақаҳои мухталиф ҷамъ меоянд ва чашм ба роҳи омадани кордиҳанда меистанд. Яке аз онҳо, ҷавони тахминан 25- сола, ки худро Алишер Собиров муаррифӣ кард, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, боз шудани бозорҳои мардикорӣ ба нафъи онҳост, ки акнун кордеҳ медонад мардикоронро дар куҷо ёбад:

“Дар маҳаллаи “Гулистон” кор бисёртар ёфт мешавад, чунки ба бозори Панҷшанбе наздиктар аст. Одамон аз бозор меоянд, барои кор мебаранд. Ба ин ҷо, ба маҳаллаи 34-ум ҳам меоянд, аммо камтар. Дар ин ҷо мардикорони кӯҳна кордиҳандаҳои худашона доранд, бештар бо телефон даъват мекунанд, ки фалон кор ҳасту омада иҷро кунед. Барои ман барин навомадаҳо дар маҳалллаи 34-ум кор кардан душвортар, барои ҳамин ба маҳаллаи “Гулистон рафтаниам. Касби ман - мардикорӣ. Корҳои сохтмону бетонрезию дигар корҳо аз дастам мебиёяд. Ин ҷо аз Панҷакенту Ғончӣ, Исфараю Хуҷанд, аз ҳама ҷо ҳастем.”

Мусоҳибам афзуд, ки мардикорон дар дасти кордиҳандаҳо ба тариқи рӯзбайъ бар ивази 50-70 сомонӣ кор мекунанд. Ба гуфтаи Алишер, онҳое корҳои хуб меёбанд, ки ихтисосҳои баланди сохтмонӣ, таҷриба ва шиносҳои кордиҳанда доранд. Вале Алишер ихтисоси баланд надорад ва ба пайдо шудани корҳои ғайриихтисосии ба истилоҳ “корҳои сиёҳ” умед мебандад.

Бино ба иттилои расмӣ, дар вилояти Суғд ҳудуди 30 ҳазор бекор ба қайд гирифта шудааст. Аммо ҳамасола ба муҳоҷирати корӣ ба Русия рафтани ҳудуди 250 ҳазор сокини минтақа, баёнгари ҷойи кор надоштани қисмати қобили мулоҳизаи сокинони Суғд аст.

Ба гуфтаи як мақом аз ҳукумати Хуҷанд, ҷамъ шудани мардикорони зиёд дар маҳаллаи “Гулистон”, ки байни онҳо афроде ҳам даст ба ҷиноят заданд ва баъзе ба ҷойи мардикорӣ ба оворагардӣ машғул буданд ва ин ба зиндагии сокинон мушкил эҷод мекард, мақомотро ба он водошт, ки бо фароҳам кардани сарпаноҳҳо, мардикоронро зери назорат бигиранд.

Дар канори бозори нерӯи кории нав дар маҳаллаи 34-и Хуҷанд, як маркази дигар ҳам барои мардикорон бо чанд утоқи хобу чойхонаву ошхона бунёд шудааст. Зимнан, бозорҳои мардикории Хуҷанд бо иқдом ва дастгирии молии ҳукумати Хуҷанд ва аз сӯи соҳибкорон таъсис дода шудааст. Соҳиби бошишгоҳи мардикорон дар маҳаллаи 34-ум Абдукарим Воҳидов дар сӯҳбат бо "Озодӣ" гуфт, ки дар ин ҷо мардикорон ба 3 сомонӣ ҷойи хоб меёбанд, ҳамчунин барои онҳо ҷойи шустушӯву фароғат ва хӯроки арзон фароҳам карда шудааст.

То ифтитоҳи расмии бозорҳои мардикорӣ низ дар Хуҷанд ва шаҳру ноҳияҳои Суғд бозорҳои мардикорӣ фаъол буданд. Аммо онҳо як ҷои асосии муайян надоштанд ва умдатан дар назди бозорҳо гирд меомаданд. Ба ин тартиб, бори аввал мақомот бо таъсиси бозори расмии мардикорӣ дар Хуҷанд ба ҳалли мушкили нерӯи корӣ пардохтанд.

XS
SM
MD
LG