Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Барқи тоҷик" ҳудуди 2 млн сомонӣ қарзи "Сангтӯда-1"-ро пардохт


Ширкати «Барқи тоҷик» мегӯяд, дар фасли тобистон бо бештар шудани имкони пардохти пули барқ, ин ширкат тавонистааст қарзҳои худро дар назди нерӯгоҳи Сангтӯда-1 коҳиш диҳад. Як мақоми ширкати "Барқи тоҷик" имрӯз, 5 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, аз авоили моҳи август то кунун тавонистаанд ҳудуди 2 миллион сомонӣ қарзи "Сангтӯда1"- ро пардозанд. Агар дар авоили моҳи июл қарз дар назди Сангтӯда-1 ба 418 миллиону 70 ҳазор сомонӣ баробар буд, то авоили моҳи агусти соли равон ба 417 миллион сомони кам карда шуд ва аз он давра то авоили моҳи сентябр ба 415 миллиону 70 ҳазор сомони расонида шудааст. Зимнан маъмурияти нерӯгоҳи обию барқии Сангтӯда-1 низ бо тасдиқи ин хабар мегӯяд, ки дар тобистон имкони истеҳсоли барқ бештар шуда ва тавони бозпас додани маблағи қарзиро бештар хоҳад кард.

Сангтӯда-1 мегӯнд, ки ҳар моҳ натиҷаи пардохти қарз аз тарафи ширкати «Барқи тоҷик»-ро расман дар сомонаашон нашр мекунад ва ҳоло қарзи «Барқи тоҷик» ба 415 миллиону 70 ҳазор сомонӣ баробар аст. Дар аввали моҳи апрели соли равон ҳаҷми қарзи ширкати «Барқи тоҷик» 409 миллиону 65 ҳазор сомониро дар бар мегирифт, ки дар моҳи март ин нишондод ба 386 миллион сомонӣ баробар буд. Масъулони ширкати «Барқи тоҷик» мегӯянд, ҳаҷми баргардонидани қарзи "Сангтӯда-1"-ро афзоиш дода, ҳар моҳ то 300 ҳазор сомонӣ қарзро пӯшиш медиҳанд. Зеро дар фасли гармо тавони истеҳсоли нерӯи барқ афзуда ва имкони содироти он низ бештар хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG