Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусодираи 4,5 ҳазор телефонҳои мобилӣ аз чиниҳо дар «Корвон»


Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои гумрукии Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи як амалиёти фаврӣ анборҳои соҳибкорони Чин дар бозори «Корвон»-ро мавриди тафтиш қарор дода, беш аз 4,5 ҳазор телефонҳои мухталифи мобилиро ошкор карданд, ки ғайриқонунӣ вориди бозорҳои Тоҷикистон шудаанд. Ҳумайрои Ашӯр, корманди Дафтари матбуоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон рӯзи 5 сентябр бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар натиҷаи як амалиёти фаврӣ дар бозори «Корвон» дар рӯзи чаҳоршанбе, кормандони гумрук аз контейнер ё худ анборҳои соҳибкорони Чин 4 ҳазору 558 телефони мобил кашф кардаанд,ки бидуни ҳуҷҷатгузории гумрукӣ бо роҳи ғайриқоунунӣ ба фурӯш бароварда шудаанд. Шаҳрвандони Чин, Чен Мингксинг ва Лин Ру аз тарафи мақомоти гумрукӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб карда шуда, алайҳи онҳо парвандаи маъмурӣ боз карда шудааст.

XS
SM
MD
LG