Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Керрӣ ва Кэмерон мубориза ба "Давлати исломи"-ро баррасӣ карданд


Нишасти сарони НАТО дар Уэлс идома дорад

Нишасти сарони НАТО дар Уэлс идома дорад

Дэвид Кэмерон, нахуствазири Бритониё мегӯяд, ки сарони кишварҳои узви НАТО аъмоли ваҳшиёнаву шармандавори гурӯҳи “давлати исломӣ” дар Ироқро маҳкум мекунанд. Ӯ рӯзи ҷумъа дар мулоқот бо вазири умури хориҷии ИМА Ҷон Керрӣ гуфт, ки таҳдидҳои ин гурӯҳ тасмим барои мубориза бо ифротгароҳоро фақат тақвият мебахшад.

Ҷон Керрӣ даъват кард, ки то шурӯъ Маҷмааи умумии СММ дар ҳамин моҳ тарҳи муқовимат бо гурӯҳи “Давлати исломӣ” бояд омода шавад. Мулоқоти Дэвид Кэмерон ва ҷон Керрӣ дар чаҳорчӯби нишасти НАТО дар Уэлс сурат гирифт.

“Давлати исломӣ”, ки қаламрави азимеро дар шимли Ироқу Сурия ишғол кардааст, дар эъдоми садҳо сарбози ироқӣ ва куштори намояндагони аққалиятҳои қавмиву мазҳабӣ айбдор мешавад. Ҷангҷӯён рӯзҳои ахир ду хабарнигори амрикоиро сар бурида, таҳдиди куштори як гаравгони бритониёвиро кардаанд.

XS
SM
MD
LG