Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргириҳо дар канори Мариупол идома доранд


Даргириҳо дар канори шаҳри Мариупол идома доранд. Ба навиштаи расонаҳо, рӯзи ҷумъа, 5 сентябр, дар наздикиҳои шаҳр садои тӯпхона ба гӯш мерасид. Дафтари матбуоти баталёни “Азов” ташреҳ кард, ки даргириҳо дар 10-15 километрии шаҳр сурат мегиранд.

Хабарнигори “Нью-Йорк Таймс” навиштааст, ки дар шаҳр бесомонӣ ба чашм намерасад, аммо ӯ шоҳиди аз шаҳр берун шудану сӯи Запорожие ҳаракат кардани нерӯҳои украинӣ буд.

Ҷудоихоҳони рустабор рӯзи панҷшанбе бо танкҳо ва бо пуштибонӣ аз тӯпхона ба Мариупол ҳамла карданд, аммо ба муқовимати шадид нерӯҳои украинӣ рӯбарӯ шуданд. Ҷудоихоҳон мегӯянд, низомиёни украинӣ талафоти бузург доданд, вале Киев инро рад карда рӯзи ҷумъа гуфт, ки ҳамагӣ чанд сарбоз ҷароҳат бардоштаанду халос.

Рӯзи ҷумъа нозирони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо аз шаҳри Мариупол ва атрофи он дидан карданд. Шаҳраки Широкино, воқеъ дар 22 километрии Мариупол, ки он ҷо даргириҳои шадид сурат гирифтанд, ба гуфтаи нозирон, алҳол таҳти назорати ягон гурӯҳ қарор надорад.

XS
SM
MD
LG