Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷон Керрӣ хостори риояи оташбас дар Қарабоғи Кӯҳӣ шуд


Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии ИМА, дар мулоқот бо сарони Арманистон ва Озарбойҷон аз тирандозиҳои ахир дар минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ изҳори нигаронӣ кард. Ӯ рӯзи панҷшанбе дар долонҳои нишасти НАТО дар Уэлс бо Серж Саргсян ва Илҳом Алиев мавзӯъи талошҳо барои аз байн бурдани низоъ дар Қарабоғро баррасӣ намуд.

Бар асари тирандозиҳо дар ин минтақа дар моҳи гузашта беш аз 20 нафар ба ҳалокат расиданд. Вазорати умури хориҷии ИМА инро “хунбортарин марҳала баъд аз эълони оташбас дар соли 1994” номид.

Ҷон Керрӣ аз мусоҳибонаш даъват кард, ки созиши оташбасро рияо кунанд ва ба миёнравҳои байнулмилалӣ барои комилан аз байн бурдани низоъ дар Қарабоғи кӯҳӣ мусоидат намоянд.

XS
SM
MD
LG