Пайвандҳои дастрасӣ

Украина аз 5-уми сентябр оташбас эълон мекунад


Раисиҷумҳури Украина Петро Порошенко мегӯяд, сар аз 5-уми сентябр ба нерӯҳои давлаташ дастури оташбас медиҳад, агар мулоқоти намояндагони ҳукумати ӯ ва ҷудоихоҳони рӯ ба Русия дар Минск аз рӯйи нақша пеш равад. Порошенко дар ҳошияи нишасти сарони НАТО дар Уэлси Бритониё гуфт, дар Минск санаде ба имзо мерасад, ки “иҷрои қадам ба қадами тарҳи сулҳ”-ро дар назар хоҳад дошт. Дар ҳамин ҳол яке аз чеҳраҳои саршиноси ҷудоихоҳон низ гуфтааст, ки ба оташбас омода аст. Пештар вазири умури хориҷии Русия, Серегй Лавров, аз Украина ва ошӯбгарони рӯ ба Русия хост, ба даъвати раисиҷумҳури Русия дар мавриди оташбас ва қатъи низоъ гӯш диҳанд. Владимир Путин, рӯзи 3-юми сентябр тарҳи сулҳро пешниҳод кард, ки бино бар он ҷудоихоҳон бояд ҳуҷуми худро қатъ кунанд ва нерӯҳои давлат аз мавзеъҳои ақиб кашида шаванд, ки натавонанд, нуқоти аҳолинишинро гулӯлаборон намоянд. Бар асари низоъ дар шарқи Украина аз моҳи апрел то ҳоло зиёда аз 2600 нафар кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG