Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афсари НАТО: "Чанд ҳазор сарбози Русия дар Украинаанд"


Хабаргузории Reuters ба нақл аз як афсари НАТО гуфтааст, чанд ҳазор сарбози Русия ва садҳо тонку зиреҳпӯши Русия дар Украина меҷанганд. Пештар НАТО гуфта буд, зиёда аз 1000 сарбози Русия дар канори ҷудоихоҳони шарқи Украина бо нерӯҳои Киев даргиранд. Русия ин хабарҳоро рад мекунад. Афсари НАТО, ки ба шарти зикр нашудани номаш бо Reuters сӯҳбат кардааст, мегӯяд: “Мо ҳамоно чанд ҳазор нерӯи ҷангии Русияро дар дохили Украина мебинем, ки бо садҳо тонк ва зиреҳпӯш муҷаҳҳазанд, яъне дар мавзеъгирии нерӯҳои Русия дар Украина тағйире ба миён наомадааст.“ Вай ҳамчунин гуфт, наздик ба 20 000 сарбози Русия дар наздикии марзи Украина боқӣ мондаанд. Ин афсар дар ҳошияи нишасти сарони НАТО дар Уэлс сӯҳбат кард.

XS
SM
MD
LG