Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҷрӯҳ шудани 5 мардикори узбаку тоҷик дар Петербург


Расонаҳои русӣ мегӯянд, ҳангоми анҷоми корҳои сохтмонӣ дар як иморати ҷадид дар хиёбони “Проспект Медиков” дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия 5 муҳоҷири хориҷӣ – 4 шаҳрванди аз 20- то 23-сола Узбакистон ва як шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон захмӣ шудаанд. Ҳамаи ин 5 мардикорро ба бемористон бурдаанд ва вазъи се нафари онҳо вазнин гуфта мешавад. Дар қиболи ин ҳодиса бар асоси қисми авали моддаи 143-юми Кодекси ҷиноии Русия (вайрон кардани қоидаҳои амнияти кор) парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.

XS
SM
MD
LG