Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО хостори ҳалли зудтари баҳси интихоботии Афғонистон шуд


Дабири кулли Паймони Атлантики Шимолӣ Андрес фоғ Расмуссен аз номзадҳои рақиб дар интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон даъват намуд, баҳси интихоботии худро, ки расми савганди президенти нави ин кишварро ба таъхир гузоштааст, ба поён расонанд. Қарор буд, ин маросим рӯзи 2-юми август ба вуқӯъ пайвандад ва баъдан Афғонистон бо НАТО қарордоди амниятеро ба имзо расонад, ки сарнавишти ҳузури минбаъдаи паймонро дар ин кишвар муайян кунад. Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай ҳарду номзади интихобот худро баранда эълом доштаанд ва барои ҳалли баҳс бозшумории раъйи интихобкунандагон ҷараён дорад.

XS
SM
MD
LG