Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ал-Қоида дар Ҳиндустон шӯъба боз кардааст


Раҳбари гурӯҳи ал-Қоида Аймон Завоҳирӣ эълон кард, ки шӯъбаи ин гурӯҳи тундрави исломӣ акнун дар Ҳиндустон низ таъсис ёфтааст. Гурӯҳи дидбонии Сайт, ки дар Иёлоти Муттаҳида марказ дорад, мегӯяд, Завоҳирӣ дар як наворе, ки торнамоҳои ҷиҳодӣ нашр кардаанд, гуфтааст, созмони нав “парчами ҷиҳод”-ро дар қораи Ҳинд боло хоҳад кард. Коршиносон мегӯянд, паёми Завоҳирӣ баёнгари майли ӯ ба сарварии Давлати Исломӣ, созмони байнулмилалии тундгарост, ки акнун бахшҳое аз Ироқу Сурияро зери назорат дорад. Ал-Қоида то ҳоло дар Афғонистон ва Покистон фаъол буд. Телевизиони Ҳиндустон мегӯяд, баъд аз эълони Завоҳирӣ дар се аёлати ин кишвар, ки ақаллияти бузурги мусулмон доранд, ҳолати омодабош эълон шудааст.

XS
SM
MD
LG