Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раиси ҲНИТ дар Шӯроободро 12 000 сомонӣ ҷарима бастанд


Нозироти андози ноҳияи Шӯроообод раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар ин ноҳияро 12 ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст.

Мадисо Ҷомиев, раиси бахши ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Шӯрообод мегӯяд, субҳи имрӯз, 4-уми сентябр намояндаи нозироти андоз ҳамроҳ бо иҷрочии суд ба манзили зисташ омада, аз ӯ талаби ҳарчӣ зудтар пардохти ҷаримаро кардаанд. Ҷомиев гуфт, ҳамчунин, намояндагони андоз ва иҷрочиёни суд амволи манзили зисташро сабт мекунанд. -Дар асл ҳеҷ амволе надорам. Ба қарибӣ хона кардаам ва ҳоло чизе надорам, ки қобили дар қайди нозироти андоз бошад, - афзуд Ҷомиев.

Аммо Наҷмиддин Рустамов, муовини раиси нозироти андози Шӯрообод ба Радиои Озодӣ гуфт, Ҷомиев манзили зисташро ҳамзамон ҳамчун дафтари корӣ истифода мебурд, вале тибқи қонунҳои ҷории кишвар бояд манзили зисташро ҳамчун дафтари корӣ аз қайд гузаронида, шаҳодатномаи бақайдгирӣ мегирифт. -Мо барвақттар ҷаримааш карда будем, аммо то ҳол насупурдааст. Ба ҳамин хотир бо иҷрочии суд барои рӯёнидани ҷарима омадаем, - гуфт Рустамов.

Аммо Мадисо Ҷомиев мегӯяд, бахши ҲНИТ дар Шӯрообод дафтар надорад ва ӯ ҳам манзили зисташро ҳеҷ гоҳ ҳамчун дафтар истифода накардааст.

Масъулини ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб ҷарима шудани раиси бахши ин ҳизб дар Шӯроободро идомаи фишорҳое медонанд, ки ба қавли худ чанд соли ахир идома дорад.

XS
SM
MD
LG