Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эрон дар Тоҷикистон полоишгоҳи нафт месозад


Даҳумини иҷлосияи Комиссиюни байниҳукуматии ҳамкориҳои муштараки иқтисодии Тоҷикистону Эрон дар Душанбе бо имзои ёддошти тафоҳум барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба анҷом ёфтааст.

Дафтари матбуоти Вазорати энергетика ва манобеи оби Тоҷикистон рӯзи 4-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Усмоналӣ Усмонзода вазири энергетика ва манобеи оби Тоҷикистон бо Ҳамиди Читчиён вазири нерӯи Эрон дирӯз барои рушди ҳамкориҳои дуҷониба ёддошти тафоҳум имзо карданд.

Дар нишасти ҳайатҳои Комиссиюни байниҳукуматӣ густариши ҳамкориҳои муштараки иқтисодии Тоҷикистону Эрон дар бахшҳои энергетика, нафт, ҳамлу нақл, иртиботот, кишоварзӣ, илмию омӯзишӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ тавофуқ карданд.

Масъулони Вазорати энергетика ва манобеи оби Тоҷикистон мегӯянд, дар заминаи ёддошти тафоҳум, ки ба имзо расид Эрон барои судури хадамоти фаннию муҳандисӣ ва сохтани дастгоҳи полоишии нафтӣ дар Тоҷикистон изҳори омодагӣ кардааст.

Эрон ва Тоҷикистон, тибқи ин тафоҳумнома дар заминаи пайвастани шабакаҳои барқи се кишвари Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон барои мубодилаи энержӣ бо якдигар ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Ҳамид Читчиён, вазири нируи Ҷумҳурии исломии Эрон дар раъси ҳайате аз мақомҳои ин кишвар, ба манзури ширкат дар даҳумин нишасти Комиссиюни байни ҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ вафарҳангиву фаннӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон дар авоили ҳамин ҳафта ба Душанбе ташриф оварда буд.

Нишасти комиссиюни байниҳукуматии Тоҷикистон ва Эрон, дар масоили иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангиву фаннӣ нимаи 1 сентябр дар бинои вазорати энергетика ва манобеи обӣ шурӯъ шуда буд.

Ин ҳам дар ҳоле, ки интизор меравад, неругоҳи барқӣ - обии Сангтӯда - 2 дар ҷараёани сафари расмии Ҳасан Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон ба таърихи 12 ва 13 сентябр расман фаъол шавад. Ҳасан Рӯҳонӣ бар иловаи сафари расмӣ ба Тоҷикистон дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар шаҳри Душанбе ширкат мекунад. Ин нахустин сафари Рӯҳонӣ ба Тоҷикистон хоҳад буд ва дар поёни ин сафар даҳ санади ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф миёни ду кишвар ба имзо мерасад.

XS
SM
MD
LG