Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тими мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи Беларус рақобат мекунад


Имрӯз, 4-уми сентябр, мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар сафар бо тими миллии Беларус бозии дӯстона анҷом медиҳад.

Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон шоми имрӯз, 4-уми сентябр, дар меҳмонӣ бо тими миллии Беларус бозии дӯстона мекунад. Ин бозӣ дар варзишгоҳи “Борисов-Арена”-и шаҳри Борисов соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ ва соати 21:00 ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад.

Муҳсин Муҳаммадиев, сармураббии мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, ба ин бозии дӯстона ба ҳайати даста 22 футболбоз – 2 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 7 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагарро шомил кардааст. 13 нафари онҳо аз дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, 3 нафарашон аз “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, якнафарӣ аз тимҳои “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Хайр”-и Ваҳдат, ССКА “Помир”-и Душанбе, “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров ва «Энергетик»-и Душанбе мебошанд. Танҳо як легионер – ҳимоятгар Давронҷон Эргашев аз «Жетису»-и Қазоқистон – даъват шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки дастаҳои мунтахаби Беларус ва Тоҷикистон барои аввалин бор бо ҳам рӯбарӯ мешаванд. Дар айни ҳол дар рейтинг ё раддабандии ФИФА Беларус дар ҷойи 88-ум ва Тоҷикистон дар ҷойи 120-ум қарор доранд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон рӯзи 3-юми сентябр дар Хонаи футболи шаҳри Минск нишасти хабарӣ бахшида ба бозии дӯстонаи тимҳои Беларус ва Тоҷикистон баргузор шудааст.

Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии мунтахаби Тоҷикистон, дар ин нишаст, аз ҷумла чунин гуфтааст: “Аз он хушҳолем, ки Федератсияи футболи Беларус пешниҳоди моро дар бораи баргузории бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби ҳарду кишвар пазируфт. Ман бо сармураббии мунтахаби Беларус Георгий Кондратев хуб ошно ҳастам. Мо ҳамроҳ дар Мактаби олии мураббиёни Маскав таҳсил кардаем, муносибатҳои хуби дӯстона дорем. Мо ним сол пеш дар бораи баргузории ин бозӣ гуфтугӯ карда будем. Ташаккури зиёд, ки Жора дархости моро қабул кард. Бо мунтахаби Беларус бозӣ кардан хеле гуворост. Ин бозӣ имсол барои мунтахаби мо бозии панҷум аст. То ин дидор мо бо тимҳои миллии Афғонистон, Эстония, Малайзия ва Қазоқистон бозиҳои дӯстона анҷм додем. Мо тибқи нақша амал мекунем. Вазифаи мо мунтахаби рақобатпазирро барпо кардан аст, то ин ки дар ояндаи наздик вазифаҳои бузургро ҳал карда тавонад.»

Ҳайати мунтахаби миллии Тоҷикистон дар бозии дӯстона бо мунтахаби Беларус:

Дарвозабонҳо: Алишер Тӯйчиев («Истиқлол»), Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»);

Ҳимоятгарон: Давронҷон Эргашев («Жетису», Қазоқистон), Соҳиб Саванкулов («Вахш»), Алишер Шарифов («Регар-ТадАЗ»), Сиёвуш Асроров, Наим Ӯлмасов, Аҳтам Назаров, Эраҷ Раҷабов, Ҷаҳонгир Ҷалилов (ҳама – «Истиқлол»);

Нимҳимоятгарон: Хуршед Маҳмудов, Умедҷон Шарифов, Нуриддин Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Ромиш Ҷалилов (ҳама – «Истиқлол»), Амирбек Ҷӯрабоев («Хайр»), Фаридун Шарифов (ССКА «Помир»);

Ҳамлагарон: Фарҳод Тоҳиров («Парвоз»), Дилшод Восиев, Ҷаҳонгир Эргашев (ҳарду – «Истиқлол»), Аҳтам Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ»), Шодибек Ғаффоров («Энергетик»).

Сармураббӣ: Муҳсин Муҳаммадиев.

XS
SM
MD
LG