Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати раиси пешини фурудгоҳи Хуҷанд дар Эквадор


Сардори пешинаи фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд Бурҳонуддин Толибов, ки ба Эквадор ҳиҷрат карда буд, рӯзи панҷшанбеи 28-уми август дар ин кишвар бар асари таровиши газ дар коргоҳаш фавтидааст. Фалокат дар ҳоле иттифоқ афтодааст, ки ҳамагӣ камтар аз моҳ пеш вай ҳамсар ва фарзандонашро аз Эквадор ба Тоҷикистон фиристода буд. Бурҳонуддин Толибов, зодаи шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон замоне Тоҷикистонро тарк кард, ки Оҷонси мубориза бо фасоди ин кишвар зидди ӯ парвандаи ҷиноӣ боз намуд ва хостори барканорияш аз вазифаи раиси фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд шуд. Бино бар ин парванда ӯ ба сирқати амвол муттаҳам мешуд, аммо худаш ин иттиҳомро қотеона рад мекард ва мегуфт, омодааст, дар ҳоли тафтиш ва муҳокимаи одилона бегуноҳии худро дар додгоҳ собит кунад. Пас аз ҳиҷрат ба Эквадор дар соли 2011 ҷаноби Толибов бо тиҷорат машғул шуд ва паҳн шудани газ дар коргоҳи ӯ ба вуқӯъ пайвастааст. Интизор меравад, ки ҷанозаи ӯ рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон интиқол дода шавад. Бурҳонуддин Толибов 34-сола ва соҳиби 5 фарзанд буда, ба хонадони яке аз рӯҳониёни бонуфузи водии Вахш рабт дошт.

XS
SM
MD
LG