Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама гуфт, Эстония танҳо намемонад


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико ба раҳбари Эстония итминон додааст, ки Иёлоти Муттаҳида ба аҳди “ногусастании” худ барои кӯмак ба таъмини амният дар минтақа ва муҳофизати аъзои НАТО аз ҳар гуна ҳамла содиқ аст. Барак Обама баъд аз мулоқот бо Томас Ҳендрик Илвес, раиси ҷумҳури Эстония дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Таллин дар бораи “таҷовузи Русия ба Украина” сухан гуфт ва афзуд, ки “Эстония ҳеҷ гоҳ танҳо намемонад.” Барак Обама, афзуд, амалкардҳои Русия дар муноқишаи Украина зарурати тақвияти НАТО-ро ба мо ёдрас мекунад. Раиси ҷумҳури Эстония гуфтааст, ки муноқиша дар Украина “таҷовузи Русия” аст ва зарурати “ҳузури қавӣ ва намоёни” НАТО дар кишварашро нишон медиҳад. Ӯ афзуд, Русия бояд эътироф кунад, ки як тарафи муноқиша дар Украина аст ва барои фуру нишондани низоъ иқдомоти мушаххас андешад.

XS
SM
MD
LG