Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Арабистон 88 нафарро дастгир кардаанд


Мақомоти Арабистони Саудӣ гуфтанд, 88 нафарро боздошт карданд, ки қасд доштанд, ки ҳамлаҳо дар дохил ва хориҷи кишварро тарҳрезӣ мекарданд. Пешравии ҷангҷӯёни Давлати Исломӣ дар Ироқ ва Сурия, Арабистони Саудиро водор кард, ки тадобири амниятиашро тақвият бахшад. Мансур ал-Туркӣ, сухангӯи вазорати умури дохилии Арабистони Саудӣ рӯзи 2-уми сентябр гуфт, ки 59 нафар аз ин боздоштшудаҳо бо айни гуноҳҳо ба зиндон маҳкум шудаанд. Ба гуфтаи Мансур ал-Туркӣ, маъмурони амниятӣ моҳҳо фаъолияти ин афродро мушоҳида карда ва тарҳҳояшонро ошкор кардаанд. Дар миёни ин афрод, ки дар чанд рӯзи гузашта дастгир шудаанд, се нафар аз Яман ва бақия аз худи Арабистони Саудӣ будаанд. Дар як баёнияи дигар вазорати умури дохилии Саудӣ гуфт, ки се шаҳрванди Сурия ва як эрониро барои қочоқи маводи мухаддир бо шамшер сар задаанд.

XS
SM
MD
LG