Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон маводи кушандаро гум кардаанд


Мақомоти Қазоқистон як зарфи маводи радиоактиви сезий 137-ро ҷустуҷӯ доранд, ки дар вилояти Мангистау гум кардаанд. Мақомоти вилоят рӯзи 2-уми сентябр гуфтанд, канистри ин маводи заҳрогинро ҳангоми интиқол бо мошин рӯзи 27-уми август гум кардаанд. Мақомот аз мардум хостаанд, дар сурати пайдо кардани ин зарфи хатарнок онро боз накунанд, зеро барои инсон кушанда аст. Сезий 137 маводи радиоактивиест, ки дар саноати атомӣ ва тиб ба кор меравад. Хадамоти амнияти миллии Қазоқистон ба таҳқиқи қазия ва ҷустуҷӯи ин зарфи хатарнок шурӯъ кардааст.

XS
SM
MD
LG