Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама бо раҳбарони се кишвар мулоқот мекунад


Барак Обама раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 3-уми сентябр бо раҳбарони се кишвари соҳили Балтик мулоқот мекунад. Обама субҳи ҳамин рӯз ба шаҳри Таллин, пойтахти Эстония ворид шуд ва бо Томас Ҳендрик Илвес, раиси ҷумҳури ин кишвар гуфтугу дорад. Ба гуфтаи мақомоти Амрико сафари раиси ҷумҳур маънии онро дорад, ки Иёлоти Муттаҳида ба аҳди худ дар кӯмак ба таъмини амният дар ин минтақа содиқ аст. Эстония ва Латвияву Литва баъди суқути шӯравӣ дар соли 1991 ба Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО пайвастанд. Амалкардҳои Русия дар Украина ва ба қаламраваш ҳамроҳ кардани Қрим, кишварҳои соҳили Балтикро нигарон кард. Барак Обама аввал бо Томас Ҳендрик Илвес, раиси ҷумҳури Эстония, сипас бо Андрис Берзинс ва Далия Грубаускайте, раҳбарони Латвияву Литва гуфтугӯ мекунад. Мулоқоти Барак Обама бо сарони кишварҳои соҳили Балтик дар остонаи нишасти сарони кишварҳои узви НАТО сурат мегирад, ки дар ин нишаст дар Уэлс амалкардҳои Русия дар Украина баррасӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG