Пайвандҳои дастрасӣ

Хабарнигори дигари амрикоиро сар буриданд


Ҷангҷӯёни Давлати Исломӣ видеоеро нашр карданд, ки зоҳиран сар буридани Стивен Сотлоф як хабарнигори дигари амрикоиро нишон медиҳад. Дар ин навор онҳо ба кишварҳои ҷаҳон ҳушдор медиҳанд, ки дар ҷанги Амрико алайҳи Давлати Исломӣ ҳамроҳ нашаванд. Дар видео, ки рӯзи 2-уми сентябр дар Интернет нашр шуд, як ҷавони монанд ба Стивен Сотлофф дар либоси норанҷӣ ва дар биёбон дида мешавад, ки ба зону задааст. Баъдан як ҷангҷӯи ниқобпӯш ҳамлаҳои Амрико алайҳи ҷангҷӯёни Давлати Исломӣ дар шимоли Ироқро маҳкум мекунад ва ҳалқи асирашро мебурад. Ду ҳафта пеш аз ин Давлати Исломӣ навори сар буридани Ҷеймс Фоли хабарнигори дигари амрикоиро нашр кард. Зоҳиран ин амалкарди Давлати Исломӣ Амрикоро водор мекунад, мубориза барои маҳви ин созмони тундравро сахттар кунад. Ҳукумати Амрико гуфт, ки воқеӣ будани видеоро ҳанӯз тасдиқ карда наметавонад, вале манобеъе дар ҳукумати Амрико ва хонаводаи Стивен Сотллоф гуфтаанд, ки видео аслӣ аст. Ин хабарнигори 31-соларо соли 2013 дар Сурия рабуданд ва саъйи маъмурони амниятии Амрико барои пайдо кардани ӯ натиҷа надодааст.

XS
SM
MD
LG