Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати боз як ҷангии тоҷик дар ҷанги Сурия


Сомонаҳои зоҳиран марбут ба гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” аз кушта шудани як шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз ӯ фармондеҳи як гурӯҳи ҷангандаҳо ном бурдааст, хабар нашр кардаанд.

Ин шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз ӯ “Абӯ Абдураҳмон Тоҷикӣ” ном бурда мешавад, тибқи иттилои нашршуда, соле пеш ба сафи ҷангандаҳо шомил мешавад. Дар хабаре, ки дар бораи марги ӯ нашр шудааст, гуфта мешавад, ки “ӯ аз рӯзи аввал мехост, дар амалиётҳо ширкат кунад, аммо амир ӯро посбони нигаҳдории амбори силоҳ мегузоранд. Баъдан дар амалиёте дар сафи пеш ҷангида маҷрӯҳ шуд. Аммо ҳангоми ҳуҷум ба фурудгоҳи Табқа амир ӯро бо хоҳиши худаш амир (раҳбари гурӯҳ) мегузорад. Дар пайи даргирӣ ҳангоми ғасби фурудгоҳи Табқа ӯ кушта мешавад.”

Хабари марги ин ҷавон ҳанӯз 26-уми августи соли ҷорӣ нашр шудааст. Ҳамчунин навори дигаре нашр ишудааст, ки дар он се ҷавон бо забони тоҷикӣ дар бораи ҷиҳод суруд мехонанд. Навишта шудааст, ки ин навор дар соли 2013 бардошта шудааст ва ҷавони сурудхон Аҳмад ном дорад, ки ӯ ҳам зимни яке аз амалиётҳо кушта шудааст. Нафаре навиштааст, ки “раҳматӣ муштоқи ҷанги Афғонистон буд, онҷо рафта натавонист ва сарзамини Шом рафт.”

Таъйиди хабарҳо дар бораи ҳалокати ҷангиёни тоҷик дар Сурия ғайриимкон ба назар мерасад, вале то имрӯз дар бораи кушта шудани дастикам 6 шаҳрванди Тоҷикистон дар ин кишвари арабӣ гузориш шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон шумори шаҳрвандони ин кишварро дар ҷангҳои Сурияву Ироқ то 200 нафар тахмин мезананд. Душанбе талош дорад, то онҳоро баргардонад. Ахиран дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ муҷозоти шадидтар таъин карданд.

XS
SM
MD
LG