Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 4 узви як хонавода дар Спитамен


Бар асари як садамаи автомобилӣ дар ҳудуди ноҳияи Спитамен дар шимоли Тоҷикистон як хонавода иборат аз чаҳор нафар, бо шумули ду ноболиғ, ҷон бохтанд. Дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, рӯзи сешанбе Сайфиддин Назаров, сокини ноҳияи Айнӣ бо аҳли хонаводааш дар мошини «Муссо», ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ноҳияи Спитамен ба автомашинаи тамғаи «КАМАЗ-5320» бармехӯрад, ки дар натиҷа ҳамсараш Меҳрӣ дар ҷои ҳодиса ҳалок шуда, худи ӯ бо писараш Ҳомиди 13-сола ва духтараш Холбибии 7-сола дар беморхона ҷон бохтаанд. Сайфиддин Назаров аз рӯҳониёни маъруф дар ноҳияи Айнӣ ба шумор мерафт. Дар пушти фармони КАМАЗ Абдуғаффор Бобоҷонов, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров будааст. Таҳқиқи қазияро пулиси ноҳияи Спитамен анҷом медиҳад, валде ҳанӯз иллатҳои ин садамаи пурқурбонӣ рӯшан нашудааст.

XS
SM
MD
LG