Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Брюссел дар андешаи ба феҳристи таҳримҳо шомил кардани Шойгу


Иттиҳодияи Аврупо имкони шомил кардани вазири дифои Русия Сергей Шойгу ба феҳристи шаҳрвандони русеро баррасӣ мекунад, ки вурудашон ба Аврупо манъ хоҳад шуд. Ин тасмим бо шиддат гирифтани задухӯрдҳо дар Украина бастагӣ дорад.

Хабаргузории Reuters аз қавли дипломатҳо навиштааст, ки ин пешниҳод рӯзи 2 сентбяр дар Брюссел,аз сӯи Комиссиюни Аврупо дар мулоқоти сафирони Иттиҳодия ироа шуд.

Комиссиюн ҳамчунин мехоҳад, ки ҷалби сармояи Аврупо аз сӯи на фақат бонкҳои давлатӣ, балки аз сӯи ширкатҳои далватии Русия ҳам манъ карда шавад. Ҳамчунин қарор аст, ки ба бастаи таҳримҳо манъи содироти молу маводи ҳам низомӣ ва ҳам мулкиро ворид кунанд.

Ҳукуматҳои кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо бояд то рӯзи 5 сентябр дар мавриди таҳримҳо алайҳи Русия тасмими ниҳоӣ бигиранд.

XS
SM
MD
LG