Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Илвес хостори бунёди пойгоҳи доимии НАТО дар Эстония шуд


Тоомас Ҳендрик Илвес
Тоомас Ҳендрик Илвес

Тоомас Ҳендрик Илвес, раисиҷумҳури Эстония, рӯзи 2 сентябр, изҳор намуд, ки мехоҳад дар қаламрави кишвараш пойгоҳи доимии Паймони НАТО бунёд шавад. Ин пойгоҳ, ба гуфтаи ӯ, бояд кишварро аз ҳамлаи эҳтимолӣ аз сӯи Русия ҳифз хоҳад кард. Сарвари Эстония афзуд, ки пойгоҳҳои доимӣ бояд дар ҳама кишварҳои узви НАТО ташкил шаванд.

Изҳороти Илвес дар ҳоле нашр шуд, ки Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, сафараш ба Аврупоро шоми рӯзи сешанбе, 2 сентябр, аз Эстония шурӯъ мекунад. Рӯзи чаҳоршанбе мулоқоти ӯ бо раисиҷумҳури Эстония ва раҳбарони Латвия ва Литва ба нақша гирифта шудааст. Обама баъдан
ба хотири ширкат дар нишасти сарони НАТО озими Бритониё хоҳад шуд. Ин нишаст рӯзҳои 4 ва 5 сентябр дар Уэлс баргузор мешавад.

Сафари Барак Обама дар ҳоле баргузор мешавад, ки таниш миёни Русия ва Ғарб дар робита ба қазияи Украина ба волотарин нуқтаи худ дар даҳсолаи ахир расидааст. Дигар кишварҳои шӯравии собиқ, аз ҷумла, ҷумҳуриҳои соҳили Балтик, аз сиёсати берунаи Русия изҳори нигаронӣ мекунанд.

ИМА ва кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо моҳҳои ахир алайҳи бахшҳои молия, саноат ва тиҷорати Русия таҳримҳо ҷорӣ карданд.

XS
SM
MD
LG