Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нирӯҳои милиса дар Душанбе ба ҳолати омодабош оварда шудаанд


Рамазон Раҳимзода

Рамазон Раҳимзода

Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, барои назорати амнияту тартибу низом дар рӯзҳои баргузории Самити сарони кишварҳои Созмони ҳамкориҳои Шонҳой дар Душанбе ва таҷлили 23 умин солгарди истиқлолияти кишвар назоратро дар пойтахт дучанд намуда, нерӯҳои умури дохиларо дар ҳоли омодабош қарор додааст.

Дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 2 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, имрӯз ба ин муносибат вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода бо ҳузури сардори раёсатҳо ва шӯъбаҳои корҳои дохилии пойтахт ҷаласа баргузор кард ва масъалаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ зимни маъракаҳои муҳими сиёсӣ дар кишварро таъкид кард.

Бо дастури вазир Рамазон Раҳимзода дар рӯзҳои баргузории маъракаҳои сиёсӣ, ки аз 9 то 15 сентябр идома хоҳанд кард, бар иловаи кормандони касбӣ ва ҷузвутомҳои умури дохила «дружиначиёни ихтиёрӣ» ва кормандони «ғайриштатии милиса» низ ҷалб карда хоҳанд шуд.

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, аз 1 сентябр нерӯҳои умури дохила ва амнияти кишвар дар ҳоли омодабош қарор дода шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки Идораи бозрасии давлатии автомобили вазорати корҳои дохилӣ машварат додааст, ки дар рузҳои баргузории маъракаҳои муҳими сиёсӣ дар кишвар ба хотири ҷилавгирӣ аз роҳбандон шудани мошинҳо аз 2 то 15 сентябр ҳаракт дар ҷодаҳои пойтахт маҳдуд карда мешавад

Тоҷикистон рӯзи 9 сентябр ҷашни истиқлолашро ҷашн мегирад. Душанбе рӯзҳои 11-13 сентябр мизбони нишасти солонаи сарони Созмони Шанхай хоҳад шуд. Дар ҳошияи ин нишаст сафари расмии раисиҷумҳури Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ ба Тоҷикистон низ анҷом хоҳад ёфт.

XS
SM
MD
LG