Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

7 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Абхозистон берун оварданд


Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, ки бо мусодидат ва кумаки сафорати Тоҷикистон дар Русия 7 шаҳрванди Тоҷикистон, ки вурудашон ба Русия манъ карда шуда буд, аз қаламрави ҷумҳурии худхондаи Абхозистон берун оварда шуданд.

Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷират рӯзи 2 сентябр бо такя ба маълумоти раҳбари ҷамъияти тоҷикони Сочи Фаррух Миров ба Радиои Озодӣ гуфт, 7 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Абхозистон берун оварда, тариқи хатсайри Краснодар - Душанбе ба Тоҷикистон фиристодаанд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон пас аз анҷоми муҳлати буду бош барои дарёфти иҷозаи тамдиди ҳузури худ дар қаламрави Русия ба хоки Абхозистон мегузаранд, аммо дар бозгашт дар марзи Русия аз тарафи Хадамоти муҳоҷирати ин кишвар имкони убур пайдо намекунанд ва дар Абхозистон мемонанд.

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикитсон аз тамоми муҳоҷирони тоҷик хоҳиш мекунад, ки баъди анҷом ёфтани муҳлати будубош дар Русия ба Абхозистон сафар накунанд. Абхозистон дар пайи ҷанги Русияву Гурҷистон дар соли 2008 эълони истиқлол кард. Вале ин минтақаро ба ғайри Русияву чанд кишвари маъдуд дигар кишварҳои дунё ба расмият намешиносанд.

XS
SM
MD
LG