Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"La Repubblica": Путин таҳдиди ишғоли Киевро кардааст


Владимир Путин ба Ғарб ҳушдор додааст, ки агар фармон диҳад, низомиёни рус тайи ду ҳафта Киевро тасарруф мекунанд.

Нашрияи "La Repubblica", чопи Рим, рӯзи 1 сентбяр навишт, ки раисиҷумҳури Русия ба раиси Комиссиюни Аврупо Жозе Мануэл Баррозу гуфтааст, "агар ман хоҳам метавонад дар ду ҳвафта Киевро забт кунам”. Ба навиштаи рӯзнома, Путин ин суханонро дар сӯҳбати телефонӣ бо Баррозу рӯзи 30 август, дар арафаи нишасти ахири Иттиҳодияи Аврупо дар Брюссел, гуфтааст.

Хабаргузориҳои русӣ рӯзи 2 сентбяр бо такя ба ёвари раисиҷумҳури Русия дар умури сиёсати беруна Юрий Ушаков навиштаанд, ки нашрияҳои ғарбӣ гуфтаҳои Путинро таҳриф кардаанд ва ба он пероҳани тамоман дигар пӯшонидаанд. Нашрияҳо ҳадс мезананд, ки таҳдиди Путин – вокуниш ба имкони ироаи таҳримҳои нави Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Русия дар робита ба нақшаш дар бӯҳрони Украина буд.

Киев ва Ғарб мегӯянд, ки Маскав ба хотири пуштибонӣ аз ҷудоихоҳони рустабор нерӯҳояшро ба шарқи Украина фиристод ва ба думболи ин ҷудоихоҳон дар чанд ҷабҳа аз болои нерӯҳои ҳукуматӣ пирӯз шуданд. Русия ин иттиҳомро рад мекунад.

Дар нишасти сарони кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо гуфта шуд, ки тайи як ҳафтаи оянда алайҳи Русия дар сурати тағйир надодани сиёсаташ дар Украина таҳримҳои нав ҷорӣ карда мешавад.

XS
SM
MD
LG